Дар остонаи таҷлили Соли нави милодӣ бо ташаббуси директори ширкати «Вастан» Нуралӣ Шарифов ба ду хонаи кӯдакони пойтахт аз номи ширкат кӯмак расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, рӯзи 28-уми декабр хонаҳои кӯдакони рақамҳои 1 ва 2-и шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ бо 500 кило орд, 100 литр равғани рустанӣ, 80 кило гӯшт, 125 кило марҷумак (гречка), 125 кило лӯбиё, 250 кило биринҷ, 150 кило шакар ва 10 қуттӣ маснӯоти қаннодӣ таъмин карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, санаи 29-уми декабр ба 160 нафар тарбиятгирндагони хонаҳои кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд.