Бинобар сабаби васеъ кардани роҳ аз меҳмонхонаи пойтахт то майдони Ғалаба, дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе чинорҳои кӯҳансол бартараф карда мешаванд.
Кӯчаи маъруф бо дарахтони сояафкан симои худро дигаргун сохта, чинорҳои кӯҳансол аз ҷониби кормандони идораи истифодаи роҳҳо ва техникаи махсус бурида мешаванд. Бо қарори мақомоти шаҳрдорӣ, дарахтони бурида ба ихтиёри раёсатҳои маорифу тандурустӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт супурда мешаванд.
Роҳгузарон дарахтбуриро наззора дошта, кӯдакон ҳезуммайда ва шохчаву химчаҳои онро гирд меоваранд. Ба иллати бастани ин қитъаи роҳ ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Айнӣ аз комбинати текстил то Театри опера ва балет мушкил шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабр бо сабаби оғози корҳои таъмиру таҷдид қисмати роҳи мошингард аз меҳмонхонаи «Пойтахт» то майдони Ғалаба баста шуд. Аз кушода шудани ин қисмати танҳо ахири моҳи августи соли равон интизорӣ меравад.
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Даргузашти “духтари газета” - Гулчеҳра Фозилова
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Паёмбар ва корвони ташна”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар 9 моҳ суръати рушди ММД дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин шуд”
Вазири корҳои дохилии Русия эътироф кард, ки зердастонаш дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ даст доранд
Чин чӣ гуна сармоягузори асосии Тоҷикистон шуд?
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста