Мақомоти шаҳрдории Душанбе баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи таҷҳизонидани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ озмуни кушоди такрорӣ эълон кард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи шартҳои озмун, зимни таҳияи қисмати технологии лоиҳа довталабон бояд истифодаи таҷҳизоти технологии муосири ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалиро пешбинӣ намуда, дар таҳияи он мутахассисони ботаҷрибаи ватаниву хориҷӣ ҷалб карда шаванд.
«Дар интихоби ташкилоти таҳиягари лоиҳа таҷрибаи корӣ дар ин соҳа ва малакаҳои тахассусии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷиҳати минбаъд таҷҳизонидани иншоот бо технологияи муосир ба инобат гирифта мешаванд», - гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, барои натиҷагирӣ аз озмун таҳти сарварии вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов комиссия таъсис дода шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки озмуни қаблан эълоншуда дар ин самт бинобар сабаби ҷавобгӯ набудани лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба талабот бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Даргузашти “духтари газета” - Гулчеҳра Фозилова
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Паёмбар ва корвони ташна”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар 9 моҳ суръати рушди ММД дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин шуд”
Вазири корҳои дохилии Русия эътироф кард, ки зердастонаш дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ даст доранд
Чин чӣ гуна сармоягузори асосии Тоҷикистон шуд?
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста