Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон лоиҳаи «Кӯмаки машваратӣ барои дастгирии ислоҳоти системаи тандурустӣ дар Тоҷикистон»-ро оғоз намуд, ки барои пешбурди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз қабили дастгирии Намояндагии Иттиходи Аврупо дар Тоҷикистон буда, дар шакли кӯмаки машваратӣ ба соҳаи тандурустӣ барои таъмини босамари ислоҳоти соҳаи тандурустӣ равона шудааст, ки аз тарафи Ҳукумат ба нақша гирифта шуда буд.

Мақсади асосии лоиҳа ин беҳтаркунии ҳолати солимии аҳолӣ бо назардошти аҳамияти махсус ба гурӯҳҳои  хусусан озордидаи аҳолӣ аз ҳисоби пурзӯргардонии иқтидори институтсионии Вазорати тандурустӣ мебошад, аз он ҷумла барои расонидани хизмати тиббӣ бо назардошти таваҷҷӯҳи махсус ба ёрии аввалияи санитарии тиббӣ. 

Дар доираи амалигардонидани лоиҳа, Вазорати тандурустии ҶТ, ТУТ ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз аввал ба мувофиқа омаданд, ки фаъолиятро ба пурзӯр гардонидани  хизматрасонии аввалияи санитарии тиббӣ ва беҳтар гардонии модулҳои маблағгузории соҳаи тандурустӣ равона созанд. 

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат аст, ки онон қарор доданд тадриҷан дониш, захира, ва такдири хешро пайванданд. Ҳамроҳ таи 50 соли васеъшавӣ онҳо минтақаи устувор, демократӣ ва рушти бардавомро бунъёд намуда, ҳамзамон гуногунияти фархангӣ, арзи таҳаммул ва кафолати озодии шахсиро нигоҳ доштанд. Иттиҳоди Аврупо омода аст муваффақиятҳо ва арзишҳояшро бо мамолик ва қавмиятҳои бидуни сарҳадоти хеш бо ҳам бубинад.  Аз ин лиҳоз, Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият бурда, ҳамасола барои рушти мамлакат ба маблағи тақрибан 25 млн. евро кӯмак фароҳам менамояд.