Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар робита ба супориши Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бобати қатъи қарордод бо нафақахӯрон изҳор намуд, ки сарфи назар аз синнусол, кормандони бахши маориф аз вазифаҳояшон барканор карда намешаванд.

«Аксари кормандони нафақахӯр кадрҳои соҳибтаҷриба буда, ба мо чун обуҳаво заруранд, вале супориш бо ин мақсад дода шуд, ки баъзе вазифаҳоро кормандони нафақахӯр муддати зиёда аз 10 сол ишғол мекунанд ва аз ин рӯ, барои кадрҳои ҷавон низ мебояд имконият дод», - гуфт вай.

Ба қавли вазир, донишу таҷрбаи кадрҳои синнусоли нафақаро вазорат дар омодасозии кадрҳои илмӣ истифода хоҳад кард ва ҳамин тариқ, омодасозии кадрҳо дар аспирантура ва докторантура беҳтар хоҳад шуд.

«Агар соли 2011 150 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 18 нафар рисолаҳои докторӣ ҳимоя карда бошанд, пас соли гузашта ин нишондиҳанда мутаносибан ба 175 рисолаи номзадӣ ва 38 рисолаи докторӣ баробар шуд», - гуфт Н.Саидов.

Дар робита ба мушкилоти аз таҳсил дур мондани духтарон дар ҷумҳурӣ вазир иброз дошт, ки феълан сатҳи ҷалби толибилмон ба макотиби таҳсилоти умумии кишвар 95-96% ва сатҳи азхудкунии дониш то 80% боло рафтааст ва танҳо як миқдори кӯдакони имконияташон маҳдуд аз таҳсил дур мондаанд.

Оид ба масъалаи норасоии омӯзгорон дар макотиб Нуриддин Саидов зикр кард, ки айни замон макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ҳамагӣ ба 115 нафар омӯзгор ниёз доранд. «Соли равон баҳри таҳсил ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ 1 ҳазору 269 нафар донишҷӯёни тоҷик сафарбар шуданд», - иброз дошт вай.

Доир ба масъалаи маблағгузорӣ ба бахши маориф дар соли 2012 вазир қайд кард, ки бо назардошти барномаҳои сармоягузорӣ, соли гузашта ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф 1607,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 ба андозаи 18% зиёдтар аст. «Соли равон ба соҳаи маориф дар ҳаҷми беш аз 2 млрд. сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст», - афзуд Н.Саидов.