Муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов изҳор намуд, ки мақомоти раҳбарии сохторҳои давлатӣ ба барканории нафақахӯрон аз мансаб бидуни мувофиқа бо онҳо ҳуқуқ доранд.
«Моҳи декабри соли гузашта аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба тамоми сохторҳои давлатӣ мактуб фиристода шуда, дар он бобати коҳиши шумори мансабдорони давлатии синнусоли нафақа сухан меравад ва аз ин рӯ, онҳо ба аз кор озод кардани нафақахӯрон бидуни хоҳиши онҳо ҳуқуқ доранд», - гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ.
Ба қавли вай, агар сохтори давлатӣ дарвоқеъ ҳам ба ин корманди нафақахӯр ниёз дошта бошад, пас метавонад муҳлати қарордоди меҳнатӣ бо нафақахӯрро ба муҳлати 2 сол дароз кунад.
Г.Қосимов зикр кард, ки айни замон шумори хизматчиёни давлатии синнусоли нафақа дар Тоҷикистон ҳудуди 80 нафар ё худ тақрибан 0,45% аз шумори умумии хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳад. Ба аввали моҳи январи соли равон шумори мансабдорони давлатии Тоҷикистон беш аз 18,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Мувофиқи моддаи 11-и қонун дар бораи таъминот бо нафақа, дар Тоҷикистон мардон дар 63-солагӣ бо собиқаи кории на камтар аз 25 сол ва занон дар 58-солагӣ бо собиқаи кории на камтар аз 20 сол ба нафақа мебароянд.
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ба санаи 1-уми ноябри соли 2012 шумори нафақахӯрон дар кишвар ба 589 ҳазору 820 нафар расид, ки 7,6% аз шумори умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маблағи нафақа миёна дар ҷумҳурӣ ба 152 сомонӣ (32 $) баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар робита ба супориши Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бобати қатъи қарордод бо нафақахӯрон изҳор намуд, ки сарфи назар аз синнусол, кормандони бахши маориф аз вазифаҳояшон барканор карда намешаванд.
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Даргузашти “духтари газета” - Гулчеҳра Фозилова
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Паёмбар ва корвони ташна”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар 9 моҳ суръати рушди ММД дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин шуд”
Вазири корҳои дохилии Русия эътироф кард, ки зердастонаш дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ даст доранд
Чин чӣ гуна сармоягузори асосии Тоҷикистон шуд?
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста