Соли сипаришуда 136 нафар сокинони минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ даст ба худкушӣ заданд, ки нисбат ба соли пешин 14 ҳолат бештар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов хабар дод, миёни ба ин амал дастзадагон 64 нафарашонро мардон ва 71 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. «Дар байни онҳо 15 нафар ноболиғон низ ба қайд гирифта шудаанд», - гуфт вай.

Сабабҳои аслии даст ба худкушӣ задани сокинони вилоятро номбурда ҷанҷолҳои оилавӣ ва бемориҳои рӯҳӣ унвон кард. «Дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар 14 ҳолат бо далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд», - афзуд В.Зайниддинов.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 293 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешин 37 ҳолат зиёдтар мебошад.