Зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар робита ба супориши Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон оид ба бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бо нафақахӯрон дар муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ, изҳор намуд, ки мувофиқи ин супориш дар низоми тандурустӣ ҳамагӣ якчанд нафар аз кор озод карда шудаанд.

Ба қавли ӯ, дар навоҳии кишвар се нафар кормандони синнусоли нафақа аз мансабҳои роҳбарӣ сабукдӯш шуда, санитар ва ҳамшираҳои шафқати нафақахӯрро аз кор озод карданӣ нестанд. «Онҳо ба мо хеле зарур буда, ин дастур танҳо ба нафақахӯроне дахл дорад, ки дар мансабҳои роҳбарӣ ифои вазифа мекунанд», - гуфт Салимов.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, айни замон дар низоми вазорати мазкур ҳудуди 500 нафар кормандони синнусоли нафақа машғули кор буда, аз ин шумор шурӯъ аз ахири моҳи декабри соли гузашта то имрӯз 141 нафарашон аллакай аз мансаб сабукдӯш карда шудаанд.

Аввали ҳафтаи равон бошад, зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов изҳор намуд, ки сарфи назар аз синнусол, кормандони бахши маориф аз вазифаҳояшон барканор карда намешаванд.