Бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ба бригадаи васлгарон аз Тоҷикистон, ки дар иншооти сохтмонии назди метрои «Выставочная»-и шаҳри Маскав фаъолият доранд, қарзи музди меҳнат дар ҳаҷми 650 ҳазор рубли русӣ пардохт гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, аввали моҳи июн аз номи васлгарон ба намояндагӣ Умед Қадамов, зодаи шаҳри Кӯлоб муроҷиат карда, иброз доштааст, ки бригадаи аз 14 нафар иборати онҳо аз моҳи декабри соли 2012 то моҳи марти соли 2013 як ҳаҷми муайяни корҳои сохтмонӣ аз рӯи фармоиши ширкати «СМ-Строй»-ро ба иҷро расонида, вале 2 моҳи ахир бо сабабҳои номаълум музди меҳнати онҳо дар ҳаҷми умумии 650 ҳазор сомонӣ пардохт намешавад.

«Кормандони намояндагӣ бо роҳбари ширкати мазкур Владимир Смагин вохӯрда, ба ҷонибҳо муяссар шуд, ки масъаларо мусбат ҳаллу фасл созанд. Санаи 19-уми июн корхона қарз аз музди меҳнат ба муҳоҷирони тоҷикро пурра пардохт намуд», - таъкид кард Аҳмадов.