Роҳбарияти шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтушунидро оиди барқарор кардани шабакаи гармидиҳии шаҳр оғоз кардааст. Дар ин хусус раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.

- Мо баҳри барқарор кардани системаи гармидиҳии шаҳр бо Бонки Рушди Аврупо гуфтушунидро оғоз кардаем. Аллакай, як марҳилаи гуфтушуниди мо доир гардид ва бисёре аз масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор додем. Шояд аз соли оянда корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ оғоз шаванд, - гуфт Самиев.

Ба қавли ӯ,  баъд аз солҳои навадуми асри гузашта шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ба пуррагӣ фалаҷ гардида, тамоми иншоотҳои он хусусӣ гардонида шуданд. Ҳамзамон қубурҳои оби гарм дар зери замин пӯсидаю фарсуда шуданд.

«Акнун мо шабакаҳои гармидиҳии шаҳро аз нав месозем. Дар мулоқоте, ки бо намояндагони Бонки Рушди Аврупо доштем, пешниҳод кардем, то дар ҳар як бинои баландошёна системаи гармидиҳии индивудиалиро ба роҳ бимонем, лекин танҳо бо қувваи барқ. Ман шахсан намехоҳам, системаи гармидиҳии шаҳр бо истифода аз ангишт бошад, зеро аз он ҳифзи муҳити зисти шаҳр халадор мешавад. Шаҳри мо шаҳри хурд аст ва онро бояд тозаю озода нигоҳ дорем», - гуфт дар поёни сӯҳбаташ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа.