Чанде қабл дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеии кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масоили мубрами хоҷагидории шаҳр мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдор қарор гирифта, нисбати пешрафти соҳаҳо ва рафъи мушкилоти ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид.

Дар ҷаласа ҷараёни амалисозии қарорҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба азнавномгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби шаҳрдор ба риштаи танқид кашида шуд.

«Сарфи назар аз қабули қарорҳои дахлдор дар ин хусус, аз беназоратии Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба азнавномгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе ҳолатҳои саривақт аз ҷониби раисони ноҳияҳо ва сохторҳои ноҳиявӣ иваз нашудани овезаҳои суроғавии кӯчаҳои табдили номкарда ба мушоҳида мерасанд, ки метавонад боиси нороҳатии шаҳрвандон гардад. Баҳри рафъи камбудиҳои мавҷуда раиси Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Баҳром Юсупов муваззаф гашт, ки оид ба чигунагии ҳолати иҷрои қарорҳои марбута бо анҷоми таҳлили амиқ ба Раиси шаҳр ахбор манзур созад.», - зикр мегардад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба вазъи санитарию экологӣ, нигаҳдории фонди манзил ва ҳолати таҳхонаҳо дар биноҳои бисёрквартирадори баландошёна аз ҷониби соҳибмулкон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Дар робита ба масъалаи коҳиши нарх ба навъҳои асосии маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои пойтахт, М. Убайдуллоев дастур фармуд, ки баҳри таъмини бозорҳои коммуналӣ бо гӯшти хушсифат ба субъектҳои инфиродии соҳибкорӣ маблағи зарурӣ ҳамчун қарзи бефоиз аз буҷети шаҳр ҷудо карда шавад ва ҳамарӯза дар бозорҳои коммуналию шахсии шаҳр фурӯши 12 намуд маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили гӯшти хушсифати гов, гӯсфанд, мурғ, орди навъи якум, равғани растанӣ, биринҷ,  шакар, шир, картошка,сабзӣ, пиёз ва тухм ба роҳ монда шаванд», - омадааст дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, дар партави баррасии масъалаи мубрами рӯз нисбати роҳбарияти КВД «Бозори Шоҳмансур» тадбирҳои ташкилӣ андешида шуда, дар асоси он Асомуддин Ризоев аз вазифаи директори бозори мазкур озод гардид.