Зимни мулоқот бо вазири маориф, илм ва сиёсати иннноватсионии вилояти Новосибирски Русия корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ таъсиси як ҷамъият ё маҳфили муттаҳидсози донишҷӯёни тоҷик дар ин вилоятро пешниҳод намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, таъсиси як иттиҳод ба донишҷӯёни тоҷик на танҳо баҳри иштироки фаъолона дар ҷашнҳои давлативу миллӣ, балки ба ташкилу роҳандозии ба ин монанд чорабиниҳо аз ҷониби худи онҳо имкони мусоид фароҳам меоварад.

«Мо ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, баҳри бо иштироки донишҷӯёни тоҷики муқими вилояти Новосибирск доир кардани чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳем кард», - ибрроз доштааст вазири маориф, илм ва сиёсати иннноватсионии вилояти Новосибирск Владимир Никонов.

Ба қавли номбурда, дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ ва тибқи квотаи президентӣ айни замон дар макотиби олии вилояти Новосибисрк 220 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм доранд.