Анонс

- Дар доираи мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми Дӯстӣ-2013» дар Бишкек дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Озарбойҷон қувваозмоӣ мекунад;

- Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маъракаи таблиғотии зидди маводи мухаддир идома меёбад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7679 сомонӣ;

1 евро - 6.1240 сомонӣ;

1 рубли русиягӣ - 0.1486 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1956 – Ифтитоҳи Спартакиадаи I-уми халқҳои ИҶШС.

1930-2005 – Зодрӯзи ҷангноманавис, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Раҳмон Сафаров.

1944 – Мавлуди рассом, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Юсуфҷон Сангов.

1947 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов.

1961 – Мавлуди коргардони кино Сафар Ҳақдодов.

1963 – Зодрӯзи шоир ва журналист Салими Зарафшонфар.

1933-1999 – Мавлуди журналист Ҳабиб Ҳамроев.

1931-2004 – Зодрӯзи шоир Собир Зикрзода.

1936 – Мавлуди шоир Исо Ғулом.

1960 – Зодрӯзи нависанда Ҳокими Азиз.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, 4 август дар баъзе ноҳияи кӯҳистон борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, 4 август дар баъзе ноҳияи кӯҳистон борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, 5 август бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +15+20, рӯзона +31+36;  дар шарқи вилоят шабона +6+11, рӯзона +20+25.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +32+34.