Рӯзе гузарамон ба шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ афтод, ки замоне яке аз шаҳрҳои ободтарини минтақа ба ҳисоб мерафт. Аз  сафар бардошти хубу бад зиёд буд.

Дар қатори таассуроти хуб, албатта, омодагии ҳамаҷонибаи ҳукумати маҳаллиро ба ҷашни Истиқлолияти кишвар метавон зикр кард. Роҳбарияти ноҳия дастур додааст, ки имсол  ҷашни Истиқлолияти кишвар дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад.

Аммо мактаби ҳамагонии №51, ки дар маркази ин шаҳр ҷойгир асту ҳанӯз соли 1965 сохта шудааст, симои Гулистонро хароб мекунад. Диққати моро тракторе, ки дар саҳни мактаб кор мекард ба худ ҷалб камуд. Аз суҳбат бо чанд тан, ки дар назди мактаб буданд, маълум гашт, ки 20 соли охир бинои мактаб ҳоҷатхона надошт ва ин трактор чуқурии онро канда истодааст. Аммо чӣ тавр мактабе, ки беш аз 1,2 ҳазор хонанда дорад, 20 сол бе ҳоҷатхона буд? Магар идораи санитарию эпидимологии вилоят ва идораи маорифи ноҳия  аз ин хабар надоштанд?

Сокинони маҳаллӣ дар сӯҳбат бо Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфтанд, ки раиси ноҳия ваъдаисохтани як ҳоҷатхонаи замонавиро барои муҳассилини мактаб дода буд. «Шояд аз серкорӣ бошад, ки то ба имрӯз ин мушкили мактаб ҳали худро наёфт», - мегуянд сокинон.

Вақте дохили ҳавлии мактаб шудем, то омодагии онро ба соли нави хониш баҳо диҳем, бинои бетирезаю вайронаи толори варзишӣ диққати моро ҷалб кард. Дар дохили он чизе аз васоили варзишӣ набуд ва деворҳояш ҳама заҳкашида буданд.

Долонҳои мактаб ҳам шикасту рехт дошта, дарҳои давраи сталинии он фарсудаю шикастаанд. Фаршу боми бино пурра таъмирталаб шудаст. Дар якчанд синфхона ба ҷои дар тунука мехкубӣ  шудааст, ки ин манзараи дилгиркунанда аз омода набудани мактаб ба соли нави хониш шаҳодат медиҳад.

Ба гуфтаи сокини шаҳр, ки аз гирифтани номаш худдорӣ кард, вазорати маорифи кишвар аз мушкилоти мактаби мазкур ба хубӣ огаҳ аст.

Аммо сардори раёсати маорфи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ  Ҷабор Абдураҳимов  дар сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори «Азия-Плюс» гуфт: «Мо аз вазъи мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 51 ба хубӣ огоҳем. Мо сарварони мактабҳоро ҷамъ кардем ва тасмим гирифтем, ин мактабро дар якҷоягӣ таъмир созем.  То 1-уми сентябри соли ҷорӣ  ин мактаб тамоман ранги дигар хоҳад гирифт. Ман ба Шумо ваъда медиҳам, дар як ҳафта мактаб дигаргун хоҳад шуд».

Ба гуфтаи Абдураҳимов, аслан мушкилоти асосии ин мактаб бо сабаби бемасъулиятии директории он ба вуҷуд омадааст. «Агар роҳбари ин мактаб ҳар сол як ё ду дари мактабро нав мекард, имрӯз тамоми дарҳои он нав мешуданд. Соли гузашта танҳо барои таъмири толори варзишии он раиси ноҳия 10 тонна семент ҷудо кард. Амо роҳбари мактаб қисме аз ин сементро истифода карду дигарашро куҷо кард, намедонем. Ба ғайр аз ин барои таъмири мактаб 27 ҳазор сомонӣ барояш ҷудо кардем. Ҳамагӣ чанд адад шиору овезаҳоро сохта, дар долони мактаб часпонданду тамом. Агар роҳбари мактаб  дурандеш мешуд ин маблағро пеш аз ҳама барои бартараф намудани мушкилоти аввалиндарҷа сарф мекард»,- илова кард Абдураҳимов.

Аммо роҳбари мактаби мазкур Назрихуҷа Рустамов дар сӯҳбати телефонӣ идаои сардори раёсати маорифро рад намуда, онро беасос номид.

«Барои таъмири толори варзшӣ на 10 тонна семент, балки 5 тонна ба мо ҷудо карданд. Мо 100 халта 50кг-ӣ семент гирифтем, ки онро бо се мошин шағалу қум омехта карда, даромадгоҳи варзишгоҳро пурра таъмир кардем. Дар масъалаи 27 ҳазор сомонӣ ҳаминро қайд бояд кунам, ки ин маблағҳоро манн надидаам. Танҳо лавҳаву шиорҳоеро, ки сардори раёсат мегуяд, як ширкати сохтмонӣ аз Душанбе тайёр овард.  Ҳамчунин барои хонаи муаллимон чанд мизу курсӣ оварданд. Ман танҳо имзо карда, ин таҷҳизотро қабул кардам. Ягон хел маблағро надидаам»,- қайд кард сарвари мактаб.

Ӯ ҳамчунин зикр кард. ки агар бемасъулиятӣ аз ҷониби ӯ сар зада бошад, пас омода аст аз кор бо аризаи шахсӣ равад. Аммо ба гуфтаи сарвари мактаб, соли гузашта маҳз раёсати маорифи вилоят хизматҳои ӯро қадр карда, ифтихорнома супорида буд.

Ба гуфтаи Рустамов, бо вуҷуди шароити вазнини мактаб, соли ҷорӣ 22 нафар хатмкардаи мактаб ба колеҷу донишгоҳҳои кишвар дохил шудаанд.

Ба гуфтаи директори мактаб, барои обод кардани мактаби мазкур ба идораю ташкилотҳои зиёде муроҷиат кардааст, аммо бенатиҷа. 

Мувофиқи маълумоти раёсати маорифи ноҳия, дар як соли охир дар 16 мактаби ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ сохтмони 157 синфхонаи иловагӣ шурӯъ шуда, 36-тои он мавриди истифода аллакай қарор гирифтааст.