Анонс

- Тамринҳои дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Норак дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё ҷараён дошта, то 31-уми август идома меёбанд.

- Дар Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ таҳти унвони «Қонунгузории андоз: мушкилот ва рушди он» мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;

- Вохӯриҳои аввали даври 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон доир мегарданд. КМВА «Помир» - «Регар-ТадАЗ», «Нури Норак» - «Энергетик», «Зарафшон» - «Эсхата», «Вахш» - «Хайр», «Далерон-Ӯротеппа» - «Равшан». Оғози бозиҳо соати 17:00.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7664 сомонӣ;

1 евро - 6.1819 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1485 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1939 – ИҶШС ва Олмон Муоҳада дар бораи ҳуҷум накардан ба якдигарро ба имзо расониданд.

1963 – Ифтитоҳи Анҷумани VIII-уми занони Тоҷикистон.

2001 – Парлумони кишвар лоиҳаи қонун «Дар бораи афви умумӣ»-ро маъқул шуморид. Амали ин қонун, ки бо ташаббуси президент дар остонаи Рӯзи истиқлоли ҷумҳурӣ қабул гардид, ба 19 ҳазор нафар шаҳрвандон дахл кард.

1870-1945 – Зодрӯзи нависанда Бобоюнус Худойдодзода.

1910 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Николай Волчков.

1913-1985 – Зодрӯзи журналист Яков Налский.

1929-2003 – Мавлуди оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Одилҷон Назаров.

1954 – Зодрӯзи футболбоз, устоди варзиши Тоҷикистон Валерий Турсунов.

1962 – Мавлуди нависанда Парда Ҳабиб.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +24+29;  дар шарқи вилоят шабона +4+9, рӯзона +14+19.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +22+24.