Соли равон барои қабул шудани ба макотиби олии Тоҷикистон беш аз 44 ҳазор довталабон ҳуҷҷат супориданд ва ба ин шумор доваталабони ба муассисаҳои таълимии  сохтори қудратӣ ҳуҷҷатсупорида дохил намешаванд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ хабар доданд, ҳанӯз шумори ниҳоии доваталабони дохилшуда маълум нест, зеро дар баъзе макотиби олӣ қабули имтиҳонҳо то 27-уми август идома меёбанд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти мавҷуда ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – беш аз 6 ҳазор, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон – беш аз 4 ҳазор, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд – беш аз 4 ҳазор, Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав – ҳудуди 4 ҳазор ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ – беш аз 2 ҳазор нафар доваталбон ҳуҷҷат супоридаанд, ки миёни макотиби олии кишвар пешсафанд.

Дар Вазорати маорифи кишвар зикр карданд, ки сарфи назар аз асри технологияҳои иттилоотӣ, ҷавонон бештар ба касбҳои омӯзгор, табиб ва иқтисодчӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва дар ин робита, факултаҳои омӯзгорӣ пешсафанд, зеро дар тамоми макотиби олӣ чунин факултаҳо амал доранд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф, соли гузашта ба макотиби олии Тоҷикистон 35 ҳазору 886 нафар довталабон қабул шуданд.