Зимни қабули шахсии аҳолии ноҳияи Ховалинг рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал изҳор намуд, ки 53 масҷид барои 48 ҳазор нафар аҳолӣ дар ноҳияи мазкур хеле зиёд аст.

«Масҷид Хонаи Худо, на маҳфили тарғиби афкори аҳзоби муайяни сиёсист, ки аксаран дар мо чунин аст ва ин ҷо инсон бо орзуву умеди ниҳонӣ дар дилаш меояд», - идома дод раиси вилоят ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус ҷиҳати санҷиши мутобиқати иншооти динии ноҳия ба қонунгузории кишвар супоришҳои мушаххас дод.

Ба андешаи Гайбулло Афзал, тибқи қонун 1 масҷид барои 10 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шудааст, вале дар ноҳияи Ховалинг барои 1 масҷид ҳатто 1 ҳазор нафар аҳолӣ ҳам рост намеояд. Раиси вилоят назорат аз болои қонун дар бораи танзими расму оин дар ноҳияи мазкурро низ зери шубҳа гузошт.

«Риояи қонун аз ҷониби аҳолии ноҳияи Ховалинг хушнуд мекунад, зеро тайи 7 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми баргузории ҳудуди 350 тӯй ва дигар расму оин ҳамагӣ 1 қонуншиканӣ дар ин самт ба қайд гирифта шудааст, вале ман бар ин назарам, ки ин ҷо ҳам назорат аз болои қонун суст аст», - иброз дошт ӯ.

Дар фарҷом Ғайбулло Афзал ба масъулини шуъбаи умури дин, кормандони ҷамоатҳо супориш дод, ки бо тамоми масъулият ба иҷрои қонунҳо назорат баранд.