Анонс

- Дар Кохи Ҷомӣ нахустнамоиши филми нави коргардони маъруфи тоҷик Носир Саидов «Зеркало без отражения» баргузор мешавад;

- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи сенаторони Фаронсаро ба ҳузур мепазирад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7672 сомонӣ;

1 евро - 6.1179 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1485 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

Рӯзи кормандони саноати нафту газ

1920 – дар Бухоро инқилоб ғалаба кард.

1924 – Дар Душанбе нахустин нерӯгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд.

1931 – Дар Хоруғ шумораи нахустини рӯзномаи «Бадахшони сурх» ба чоп расид.

1934 – Дар Орҷоникидзеобод (феълан Ваҳдат) комбинати истеҳсоли орд мавриди истифода қарор гирифт.

1932 – Зодрӯзи доктори улуми филологӣ Хуршеда Отахонова.

1940-2002 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Ато Муҳамммадҷонов.

1950 – Зодрӯзи раққооса, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Малика Калонтарова.

1955-2011 – Мавлуди арбоби давлатӣ, собиқ вазири Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +25+30;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +14+19.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +35+37.