Аз 1 то 3-юми сентябр дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Маскав, Қазон, Екатеринбург, Санкт-Петербург, Иркутск  ва Оренбурги Русия мақомоти дахлдори давлатӣ аз вуруди 52 шаҳрванди Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар дод, сабабҳои манъи вуруд далелҳое унвон мешаванд, ки онҳо қаблан ҳангоми дар қаламрави Русия қарор доштан тартиботи будубош дар ин кишварро риоя накарда, ҷаримабандӣ шудаанд.

«Акнун ба ҳамаи ин 52 шаҳрванди Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории муҳоҷирати Русия муддати се сол вуруд ба қаламрави ин кишвар манъ аст», - гуфт сарчашмаи хабар.