Санаи 21-уми ноябри соли 2013 бо дастгирии Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон (ИҶК-БМ ҶТ) дар шарикӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Конфронси дуюми байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои рушди таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре аз ИҶК-БМ дар ҶТ хабар доданд, мақсади асосии конфронс аз омӯхтани масъалаҳои таҳсилоти фарогир, табодули таҷриба ва ҳамкориҳо, баррасӣ намудани принсипҳои сиёсати маориф ҷиҳати пешниҳод намудани имкониятҳои баробар барои ба даст овардани таҳсилоти босифат ва инкишоф додани иқтидор барои ҳамаи кӯдакон дар сатҳи байналмилалӣ иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти конфронс мушкилот ва имкониятҳои эҳтимолӣ барои рушди таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа, таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилот, хадамоти иҷтимоӣ ва дастгирии психологӣ-тиббӣ-педагогӣ, бартараф намудани монеаҳову муҳайё сохтани шароити ҷавобгӯ ба ниёзҳои кӯдакони дорои талаботи махсуси таҳсилӣ тавассути такмил додани заминаи қонунгузорӣ, системаи тайёр намудани муаллимон ва мутахассисон, таҳияи бархӯрдҳои нави илмӣ ва базаи таълимию методӣ, баланд бардоштани огоҳӣ дар байни аҳолӣ баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, барои иштирок дар конфронс 70 нафар аз ҷумлаи намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, вазоратҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, машваратҳои психологӣ-тиббӣ-педагогӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мактабҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ даъват карда мешаванд. Дар кори конфронс мутахассисони байналмилалии шӯъбаҳои педагогӣ, психологӣ, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии донишкадаи Черногория, Фонди ҷамъиятии «Қадам ба қадам» аз ш. Киев, Институти дахолати барвақтӣ аз ш. Санкт-Петербург иштирок ва маърӯза хоҳанд кард.