Рӯзҳои наздик мақомоти шаҳрдории Душанбе ба тамоми занони кӯчарӯб кумаки якдафъаинаи пулӣ ҷудо мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, кӯмаки якдафъаинаи молӣ ба занони кӯчарӯб 1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Дар ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдорӣ раиси пойтахт ба кулли кормандон, қабл аз ҳама ба занҳои кӯчарӯб барои заҳматҳои хастанопазири онҳо дар тозакунии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз барф изҳори сипос намуд», - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуот.

Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин аз роҳбарони сохторҳои тиҷоратӣ низ даъват ба амал овард, ки ин иқдомро дастгирӣ кунанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан бо қарори раиси шаҳри Душанбе дар мавсими зимистон, аз моҳи декабр то феврал ба музди меҳнати кӯчарӯбон 1 ҳазор сомонӣ маблағ илова карда шуд.