Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта раиси вилояти Хатлон сокинони ноҳияи Қубодиёнро қабул хоҳад кард.

Бино ба иттиллои маркази матбуотии раиси вилоят, Давлатшо Гулмаҳмадов рӯзи шанбеи оянда, 8-уми феврал барои қабули сокинони ноҳияи Қубодиён ба ин ноҳия сафар мекунад..

«Раиси вилоят сокинони Қубодиёнро дар бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳузур пазируфта, ӯро сардорони тамоми идораю ташкилотҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хабарнигорон ҳамроҳӣ хоҳанд кард», - гуфт манбаъ.

Бояд гуфт, ки Давлатшо Гулмаҳмадов ба ҳайси раиси вилояти Хатлон  нахустин бор сокинони ноҳияҳои ҷудогонаро ба ҳузури худ қабул мекунад. Мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда, ҳар моҳ раиси вилоят як рӯзи қабулашро  дар ин ё он ноҳия  мегузаронад.