Чанде қабл дар ҷаласаи мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаҳои омодакунии пойтахт ба таҷлили ҷашни Наврӯз ва 90-солагии эълони Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Убайдуллоев ба муовини худ Руқия Қурбонова дастур дод, ки ҷараёни иҷрои қарорҳои дахлдори маҷлиси шаҳрӣ доир ба омодагӣ ба ин чорабиниҳоро таҳлил ва таҳти назорат қарор диҳад.

«Ба Р.Қурбонова супориш дода шуд, ки консепсияи мушаххаси ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо инобати истифодаи зарфиятҳои аҳли ҷамоатчигӣ ва пешниҳодоти сокинони бурунмарзии Душанбе то 1 марти соли 2014  таҳия намуда, барои тасдиқ унвонии шаҳрдор манзур созад», - иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.

Дар ҷаласа ҳамчунин масоли марбут ба вазъи роҳҳои шаҳр, кори нақлиёти ҷамъиятӣ, вазъи санитарии пойтахт ва ҷараёни ислоҳот дар бахши манзиливу коммуналӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси пойтахт ба муовинонаш ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур дод, ки дар муддати як моҳ занони кӯчарӯбро бо лавозимоту асбобҳои муосири корӣ таъмин кунанд.