Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба маълумоти ҳамаи шаҳрвандон ва меҳмонони вилоят, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки бинобар баргузории чорабиниҳои оммавӣ, имрӯз  дар кӯчахои ташрифотии шаҳри Қайроқум, шоҳроҳи «Ғафуров-Хуҷанд» кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ то маҳаллаи 19, кӯчаи Раҳим Ҷалил, пули «Ҷашнӣ», кӯчаи Гагарин, шоҳрохи «Хуҷанд-Ғафуров», ба самти шаҳри Қайроқум; рӯзи  23 август дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Қайроқум, шоҳроҳи «Ғафуров-Хуҷанд» ва кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то хиёбони Раҳмон Набиев, яъне то «Пули кӯҳна» ва санаи 24 август дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Қайроқум, шоҳроҳи «Хуҷанд-Ғафуров» ва тавассути кӯчаҳои шаҳри Чкалов ба самти «Фурудгоҳ» ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт маҳдуд ё дар соатҳои зарурӣ қатъ карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар сурати баста шудани роҳ, ҳаракат бо кӯчаҳои ҳамшафат ба роҳ монда мешавад.