Таҳти раёсати раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, дар кори ҷаласаи Шӯро намояндагони идораҳои сохтмонӣ, фармоишгарон ва лоиҳакашону меъморон бо 8 лоиҳаи нави биною иншооти тарҳрезишуда иштирок карданд.

Дар оғоз раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки имрӯз тибқи дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохтмонҳои бунёдшаванда, тибқи анъанаҳои меъмории миллӣ бо назардошти талаботҳои қатъии меъморию сохтмонӣ бояд бунёд ёбанд.

 Дар ҳамин замина дар мавриди омода намудани санадҳои ҳуқуқӣ, ба имзо расондани шартномаҳои фармоишгарони сохтмон бо соҳибони хонаҳое, ки дар макони онҳо бунёди иншооти нав пешбинӣ шудааст, Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супориши қатъӣ дод.

Таъкид гардид, ки тамоми корҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшавандаро фармоишгарон, сохтмончиён ва лоиҳакашон бояд тибқи талаботҳои сохтмонию меъморӣ ва шаҳрсозӣ пешниҳод намоянд.

Аз лоиҳаҳои пешниҳодшуда танҳо лоиҳаи Ширкати сохтмонии «Зам-Зам» ки тамоми талаботҳри зикргардидаро иҷро намуда буд, қобили қабул дониста шуда, чун намунаи ибрат зикр гардид. Лоиҳаҳои боқимонда барои мукаммал намудан ва мувофиқ намудан ба меъёрҳо пешниҳод гардиданд.