Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро, ки барои риоя накардани қонунгузории будубош дар Русия аз ин кишвар хориҷ шудаанд, барои кор ба сохтмони нерӯгоҳи оби барқии Роғун даъват мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорат, ба кор дар сохтмони ин иншооти бузурги гидроэнегетикии кишвар бинокорон, кафшергари газу барқ ва ронандагон даъват мешаванд, ки ба онҳо маоши баланд ва шароитҳои мусоиди кор ваъда карда мешавад.

Гуфта мешавад, шахсоне, ки дорои чунин касбу малакаҳо нестанд, Вазорат ҷиҳати омӯзиш дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии МД «Маркази таълими калонсолон» -и назди вазорат фаро мегирад.