Аз 17 ноябри 2014 хатти телефонӣ  барои расонидани машваратҳои ҳуқуқии ройгон ба табақаҳои осебпазири Тоҷикистон ба кор медарояд.

Бо ташаббуси якҷояи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  филиали ташкилоти “ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркорпорейшн“ ва  Хазинаи  Авруосиёгии Осиёи Марказӣ  -Тоҷикистон рақами телефонии 3040  ба тасмим гирифтаст, ки зангҳо барои ҳамаи муштариёни кишвар ройгон хоҳад шуд.

Ба зангҳои дохила мутахассисони ҳуқуқшинос-машваратчиён, ки бо ҳама таҷҳизотӣ техникӣ таъмин  хастанд, ҷавоб мегӯянд. Онҳо ба масъалаҳои ҳуқуқӣ оилавӣ,  меросӣ, масъалаҳои замин, ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва самтҳои асосии фаъолияти Вазорати адлияи ва сохторҳои он, ки  рузҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00  машваратҳои ҳуқуқӣ мерасонанд.

Нуқтаи операторӣ дар бинои Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон  ҷойгир аст. Махфияти мароҷиати телефонӣ барои муштариёне, ки арзу хохиш оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ доранд, муҳити муайяни озодро пешниҳод мекунад.  Зангҳои даромад  барои аҳолӣ ройгон ва дастрас мебошад.

Лоиҳа ба ду давра тақсим шудааст. Давраи якум аз ноябри соли 2014 то декабри соли 2015-ро дарбар мегирад, ки фаъолияти хатти телефонӣ аз тарафи ташкилот-шарикон Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон  ва  “ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркорпорейшн“ маблағгузорӣ карда мешавад. Дар аввали соли 2016 фаъолияти хатти телефонӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва хамохангсозии он аз ҷониби ин мақомот сурат мегирад.

Фаъолияти хатти телефонӣ аз тарафи тамоми операторҳои мобилӣ ки  ба стандарти  GSM дар Тоҷикистон  ҷавобгӯ хастанд, дастгирӣ ёфта тарофаҳои имтиёзнок барои пайвастшавӣ пешниҳод намуданд.