Намояндагони Бонкии осиёгии рушд (БОР) бо сарварии коршиноси бонки мазкур  Раҷеш Васудеван дар ҳайати ҳафт нафар  рӯзҳои 13-1-уми ноябр аз вилояти Хатлон боздид намуданд.

Чуноне аз маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар доданд, меҳмононро муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодурзода ба ҳузур пазируфт. «Ҳайти БОР бо муовини раиси вилоят масъалаи аз долони (коридори) нақлиётӣ ба долони иқтисодӣ табдил додани вилояти Хатлонро баррасӣ карданд», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ин сӯҳбат дар масоили гуногун, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои оби барқӣ, сохтмони корхонаи истеҳсоли семент, сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ гуфтушуниди судманд сурат гирифт.

Манбаъ афзуд, ки дар ҷараёни сафар меҳмонон ҳамчунин бо фаъолияти ду минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ» низ шинос мешаванд.