Анонс

- Дар бинои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон (кӯч. Ҷ.Икромӣ, 7) маросими рӯнамои ҳисоботи фаъолияти Омбудсмен дар соли 2014 баргузор мешавад. Оғоз соати 15-30;

- Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе Рӯзи худидоракунӣ доир мегардад. Ҳамчунин бо иштироки нозирони навраси ҳаракати роҳ аксия гузаронида мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои он қабули муроҷат ба роҳгузарон, ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ дар назар аст.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2685  сомонӣ;

1 евро – 6.8294  сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1301  сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи марзбонон.

2003 — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар қироати дуюм қонун «Дар бораи реклама»-ро қабул кард.

2009 — Президенти Туркия Абдулло Гул бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи сафар миёни кишварҳо се санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

1928 – Зодрӯзи олими забоншинос Мардон Муҳаммадиев.

1938 – Мавлуди Арбоби шоистаи Тоҷикистон Бовар Хусравов.

1950-1992 – Зодрӯзи овозхон Фатҳулло Рауфов.

1952-2008 – Мавлуди журналист Нурулло Саидқулов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +15+20.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +22+24.