Анонс

- Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо мусоидати Дафтари САҲА дар ҶТ ва Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар толори конфронси «Маркази Вефа» намоишгоҳи аксҳои «Нест бод шиканҷа!» барпо мекунад. Оғоз соати 10-00;

- Дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиши балети А.Адан «Корсар» доир мегардад. Оғоз соати 18-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2602 сомонӣ;

1 евро – 7.0127 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1153 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи байнулмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар.

1945 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ рутбаи ҳарбии Генералиссимуси ИҶШС таъсис дода шуд, ки нахустин ва ягона дорандаи ин рутба И.В. Сталин аст.

1922 – Ифтитоҳи Анҷумани I-уми Шӯрои Помири Шарқӣ.

2004 – Автобуси нахустини мусофиркаш бо 40 мусофир аз Хоруғ ба шаҳри Қошғари Чин раҳсипор шуд.

2009 – Президенти ҶТ ба фаъолияти комбинати ғанисозии маъдани Олтин-Топкан ҳусни оғоз бахшид.

2010 — Дар Ню-Йорк дар синни 85-солагӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова аз олам даргузашт.

1927 – Зодрӯзи коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ Владимир Мотил.

1933 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Бахтиёр Аҳмадов.

1942-2010 – Зодрӯзи физик Акрам Ҷӯраев.

1949 – Мавлуди коргардони кино Майрам Юсуфова.

1951 – Зодрӯзи Арбоби шоистаи Тоҷикистон Сайдалӣ Сабзов.

1963 – Мавлуди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Фаррух Рӯзиматов.

1968 – Зодрӯзи доктори улуми дорусозӣ Саломиддин Исуфов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +17+22.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +33+35.