То охири сол яке аз дармонгоҳҳои бузургтарини Тоҷикистон - осоишгоҳи «Зумрад» ба ихтиёри соҳибмулки хусусӣ дода мешавад.
Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни хусусигардонии ин иншоот идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, оид ба масъалаи хусусигардонии осоишгоҳи «Зумрад» тендери дусатҳа эълон шудааст, ки натиҷаҳояш охири сол эълон мешаванд. «Барои хусусигардонии ин иншоот беш аз 10 довталабон ариза доданд, ки миёни онҳо ҳам шахсони ватаниву ҳам хориҷӣ ҳузур доранд», - иброз дошт вай.
Муовини аввали вазир аз ифшои номи доваталабон худдорӣ варзида, қайд кард, ки «ин метавонад ба рақобати солим таъсири манфӣ расонад». «Дар ниҳояти кор довталабе интихоб хоҳад шуд, ки нархи арзанда, беҳтарин тарҳи тиҷоратӣ ва бидуни шубҳа нияти ҳарчи бештар муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро пешниҳод мекунад», - илова кард номбурда.
Осоишгоҳи «Зумрад» дар қисми ҷанубу ғарбии водии Фарғона, дар соҳили дарёи Исфара, дар масофаи 3 километр аз маркази шаҳр, дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Вароруд доман паҳн кардаааст. Мавзеи «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дорад ва зебоманзартарин қисми ноҳияи Исфара ба шумор меравад. «Зумрад» - яке аз марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, то имрӯз 200 ҳазор нафар шаҳрвандонро солим гардонидааст.
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Товус ва кандани парҳо”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста