Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Маркази савдои «Пойтахт-90» озмун эълон карда шуд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, озмун давоми як моҳ - аз 20 август то 20 сентябр гузаронида шуда, на дертар аз 24 сентябр аз он натиҷагирӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки маросими расмии ифтитоҳи маркази савдои «Пойтахт-90» дар шаҳри Душанбе рӯзи 5 сентябри соли 2014 бо ҳузури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Бинои марказ  аз се ошёна иборат буда, дар онҳо мағозаҳои таъиноти гуногун, тарабхонаву қахвахонаҳо, нуқтаи мубодилаи асъор ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият хоҳанд кард. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 900 нафар бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.

Маблағи умумии ҷудошуда аз буҷети шаҳри Душанбе барои сохтмони ин иншоот, ки муддати 22 моҳ қомат афрохт, 202,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.