Адвокатҳои тоҷикистонӣ иттиҳодияи худ - Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистонро таъсис доданианд.

Раиси Колеегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзҳои 17-18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузории нахустин анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон дар назар аст, ки дар кори он 50 нафар вакилон аз саросари ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин чорабинӣ қабули қарор дар бораи таъсиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. «Дар анҷуман раиси Иттифоқ ва муовинони ӯ, аъзои Раёсати Иттифоқ интихоб шуда, ҳамчунин Оинномаи Иттифоқ қабул мешавад», - иброз дошт Б.Ёров.

Номбурда қайд кард, ки таъсиси чунин иттиҳодияе дар нақша аст, ки тамоми адвокатҳои кишвар, сарфи назар аз узви ин ё он коллегияи адвокатҳо будани онҳо, аъзои он шуда тавонанд.

«Дар навбати аввал вазифаи Иттифоқ беҳбуди сифати кори адвокатҳо ва такмили сатҳи тахассусии онҳо аст. Дар ҷаҳони муосир ба фаъолияти адвокатӣ талаботи нав илова шудааст, ки мебояд ба онҳо мутобиқат кард. Масалан, имрӯз дар кишвари мо ширкатҳои хориҷие фаъолият доранд, ки баъзан ба баҳсҳои судӣ дучор меоянд. Барои фаъолияти пурсамари адвокатӣ дар шароити муосир, адвокат ҳадди ақал бояд се забони хориҷиро донад», - таъкид дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 1,6 ҳазор нафар адвокатҳо фаъолият доранд, ки зиёда аз 1,4 ҳазор нафари онҳо ба коллегияҳои гуногуни адвокатӣ муттаҳид шудаанд ва 180 нафар адвокатҳо бар асоси иҷозатномаи Вазорати адлия фаъолияти худро тариқи инфиродӣ ба роҳ мондаанд.