Анонс

- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ соати 18-00 консерти мусиқии симфонӣ аз асарҳои оҳангсози машҳури австриягӣ В.А.Мотсарт баргузор мешавад;

- Дар остонаи бозии аввали чаҳорякфиналии Ҷоми КФО-2015 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Паҳанг»-и Малайзия дар толори конфронси меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 11-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.3097 сомонӣ;

1 евро – 7.3792 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.9 60 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1924 — Шумораи нахустини газетаи «Овози тоҷик» ба чоп расид.

1959 – Дар Тоҷикистон Донишкадаи гастроэнтерология боз шуд.

2010 — Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯи далели фирои густохонаи 25 нафар зиндониён аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

2011 — Дар Душанбе пояи нишони давлатии ҷумҳурӣ бо баландии 45 метр боз гардид.

2013 — Дар Душанбе дар синни 88-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ академик, доктори улуми тиббӣ, директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология Ҳамид Мансуров аз олам даргузашт.

2014 — Дар қитъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ рух дода, ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

1920-2008 – Зодрӯзи профессор ва патофизиолог Муҳаммадҷон Расулӣ.

1915 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Ислом Бобохоҷаев.

1936 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Мусамир Гулаҳмадов.

1946 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Нусратулло Файзуллоев, президенти Академияи улуми тиббӣ.

1966 — Зодрӯзи журналист Ҳайдар Шодиев.

1987 — Мавлуди рӯзноманигор Маҳпора Киромова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +24+29.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +15+20.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад.    

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +23+25.