Дар платформаи краудфандингии Gofundve барои духтари гулпарвари тоҷик Мунира Мирзоева, ки ба феҳристи зеботарин духтарони   лоиҳаи интернетии The Atlas of Beauty (Харитаи зебоӣ) шомил гардид, ҷамъоварии маблағ роҳандозӣ шуд.

Саҳифа дар ин платформа барои Мунира Мирзоеваи 19-соларо Фарангис Сафарзода боз намудааст. Бино ба маълумоти зергуфта (пост)-ҳои монда дар ин саҳифа, то имрӯз барои ин духтар беш аз 800 доллари ИМА маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

Фарангис Сафарзода менависад, Мунира духтари наврасест, ки бо кори гулпарвариаш ба ҳафт нафар аъзои оилааш кумак мекунад. «Ӯ ҳамеша орзу доштааст, ки табиб шавад, вале вазъи молиявии ӯ ба ин имкон намедиҳад. Ман барои ӯ ҷамъоварии маблағро ташкил карданиам, чунин фикр дорам, маълумот доштан барои ин духтари ҷавон муҳим аст. Мо барои ба таҳсил фиристодан ва ҷомаи амал пӯшидани орзуи ӯ маблағи кофӣ ҷамъоварӣ мекунем», - қайд мекунад Фарангис.

Ӯ аз корбарони саҳифа даъват кардааст, ки ба Мунира барои ҷомаи амал пӯшидани орзуяш кумак кунанд.

Ёдрас мекунем, ки духтари гулпарвари тоҷик Мунира Мирзоева ба феҳристи зеботарин духтарони лоиҳаи интернетии The Atlas of Beauty (Харитаи зебоӣ) шомил гардид. Акси яке аз зеботарин духтарони шаҳри Душанберо муаллифи лоиҳаи The Atlas of Beauty, аксбардор аз Руминия Михаэла Норок гузошт.