Се сол қабл, 25 марти соли 2013 амакдухтарҳо Сабина ва Малика Араловаҳо дар шаҳри Душанбе бедарак шуданд. Ин яке аз ҳодисаҳои пурсарусадотарин дар соли 2013 маҳсуб ёфта, духтарон то ҳол дарёфт нашудаанд.
Амакдухтарҳо Сабинаи 4-сола ва Маликаи 6-сола шоми рӯзи 25 марти соли 2013 каме дуртар аз маркази савдои «Садбарг» ғайб зада, аз ҷустуҷӯи фаврии мақомоти корҳои дохилӣ ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуда буд. Тамоми сокинони ҷумҳурӣ бо тарзҳои гуногун ба ҷустуҷӯи онҳо пардохта, вале то ҳанӯз онҳо дарёфт нашудаанд.
Баъди се ҳафта аз замони бедаракшавии духтарон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо волидони Малика ва Сабина Араловаҳо вохӯрда, тадбирҳои ҷустуҷӯи онҳоро зери назорати махсус гирифт.
Соли 2014 дар вохӯрӣ бо ҳайати шахсии ВКД президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбати бедаракшавии духтарон нигаронӣ изҳор намуда, дастур дод, ки барои ҳарчи зудтар ошкор шудани ин ҳодиса тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ба гуфтаи Нигина Аралова, модари Сабина, ӯ ба фолбинҳову экстрасенсҳо низ муроҷиат кардаааст, вале он ҳам ҳеҷ натиҷае надода, то имрӯз духтарон бе ному нишонанд.
Нигина ва Улуғбек, волидони Сабина ҳоло ҳам ба дарёфти фарзандашон умедвор буда, ҷустуҷӯро идома медиҳанд. Онҳо мегӯянд, даҳҳо нафар кӯдакони бедаракшуда дар шаҳру навоҳии кишвар дарёфт шуда, онҳо ҳам ба дарёфти духтарашон бовар доранд.
«Далели нигаронкунанда он аст, ки замони таҷрибаи корӣ ман дар хотир надорам, ки дар чунин муддати тӯлонӣ кӯдакони гумшуда дарёфт нашуда бошанд. Ҳадди ниҳоӣ дар муҳлати як ҳафта онҳоро зинда ё ҷасадашонро дарёфт мекарданд ва гунаҳкор ҷазо мегирифт. Ба андешаи ман, вазъи кунунӣ бозгӯи ҷой доштани камбудиҳо дар кори мақомоти тафтишот аст. Қаблан мақомоти мо ба мисли ҳозира чунин имконоти техникӣ надоштанд, вале дар кадрҳои соҳибтаҷриба чун дар кори кунунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудӣ надоштем», - гуфт дар мусоҳиба яке аз собиқадорони мақомоти интизомӣ.
Модари Сабина аз он дар ташвиш аст, ки ин ҳодисаро ҳама фаромӯш карданд ва ҷустуҷӯ қариб хотима ёфтааст. Аз ин рӯ, ӯ бори дигар ба тамоми касоне, ки ягон маълумоте дар бораи духтарони гумшуда дар даст доранд, барои кумак муроҷиат мекунад. Шояд баъди интишори хабари нав ягон воситае пайдо шаваду ба дарёфти маълумот дар бораи духтарон кумак кунад.
ТАВАҶҶУҲ: Ҷустуҷӯи духтарони гумшуда - Сабина ва Малика Араловаҳо идома дорад. Аз ҳама касоне, ки дар бораи ин ҳодиса ва худи духтарон ягон маълумоте дорад, дархост мекунем, ки бо телефонҳои 900-01-11-33 (Улуғбек, падар) ва 919-70-55-33 (Нигина, модар) дар тамос шаванд. Барои маълумот мукофотпулии бузург дода мешавад.




Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста