Тоҷикистон дар Шохис (Индекс)-и ҷаҳонии сулҳ ((Global peace index 2016)) 13 зина поин лағжид. Ақибнишинӣ аз демократисозӣ, рукуди иқтисодӣ ва муноқиша хатарҳоро ба суботи кишвар бештар кардааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , як пажӯҳишгоҳ дар Бритониё мегӯяд, авҷ гирифтани худкомагӣ, афзоиши хатари муноқишаҳои дохилӣ ва рукуди ҷидди иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар соли 2015 сабаб шуд, ки ҷойи кишвар дар Шохиси ҷаҳонии сулҳ бисёр поин равад.

Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ рӯзи 8-уми июн бо нашри шохиси нав дар соли 2016 гуфт, ҳамин омилҳо ва аз ҷумла ошӯби мусаллаҳонаи Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ дар моҳи сентябр сабаб шуд, ки Тоҷикистон дар Шохиси нави ҷаҳонии сулҳ дар соли 2016 дар зинаҳои поинтар ҷой дода шавад.

Дар тамоми минтақаи Авруосиё аз ҳама бештар вазъи амниятии Тоҷикистон ва Украина дар соли гузашта бадтар шудааст. Тоҷикистон, ки соли 2015 дар Шохиси ҷаҳонии сулҳ дар мақоми 108 буд, якбора 14 зина поин омадааст ва байни 163 кишвару қаламрав дар мақоми 122 ҷой гирифтааст.

Бо вуҷуди ин Тоҷикистон дар Шохиси сулҳи соли 2016 аз Қирғизистон ду зина болотар ҷой гирифтааст. Қазоқистону Туркманистону Узбакистон аз Тоҷикистон пешанд.

Муаллифони Шохиси ҷаҳонии сулҳ вазъи 163 кишвар ва қаламрав дар саросари ҷаҳонро таҳқиқ кардаанд ва Сурияро нооромтарин кишвар дар ҷаҳон номидаанд. Афғонистони ҷангзадаи ҳамсоя, ки садои тирандозиҳо аз онҷо дар ноҳияҳои марзии Тоҷикистон ҳам шунида мешавад, ҳамчунон дар поини ҷадвал ва се зина болотар аз Сурия дар мақоми 160-ум ҷой гирифтааст.

Шохиси ҷаҳонии сулҳро бо санҷидани суботу амният дар ҷомеа, муноқишаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва мусаллаҳшавии кишварҳо омода мекунанд ва нахустин шохисро соли 2008 нашр карданд.

Вазъи иқтисодӣ, тавоноии ҳукуматҳо барои таъмини адолати иқтисодӣ ва адолати иҷтимоӣ, фарҳанги сиёсӣ, равобити ҳасана бо ҳамсоягон, эҳтиром ба қонун, озодии баён аз омилҳои муҳими дигарест, ки ба инобат гирифта мешавад. Исландия дар ин заминаҳо соҳиби баландтарин баҳо шудааст ва ба гуфтаи муаллифони Шохиси ҷаҳонии сулҳ оромтарин кишвари дунёст.