Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни маросиме барандагони ҷоизаи Лоҳутиро эълон кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 17 октябр зимни маросими тақдими ҷоизаҳо дар толори Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гуфтааст, ки ҳайати комиссия дар бахши матбуот ҷоизаи Лоҳутиро ба Маҳмадалӣ Мақсадулло аз нашрияи “Чархи Гардун”, Иршод Сулаймонӣ аз Озодагон ва Абдулмаҷид Бобоиён аз радиои маҳаллӣ тақдим кард. Хабарнигори марҳуми радиои давлатии Тоҷикистон Шарифи Мисайзод пас аз маргаш барои саҳмаш дар журналистикаи тоҷик қадрдонӣ шуд. Иловатан, Исматулло Азизов аз телевизион ва дар бахши таҳқиқоти журналистӣ ба Шариф Муллоев, як устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия соҳиби ин ҷоизаи мӯътабари журналистӣ шуданд.

Дар ин маросим Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳур, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва хабарнигорон ширкат доштанд. Зимни тақдими ҷоизаи Лоҳутӣ ба ҳамсари журналисти марҳум Шарифи Мисайзод, Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ӯ ба унвони "як инсони самимӣ" ёд кард.

Зиннатулло Исмоилзода дар фарҷоми ҷоизасупориҳо шурӯи даври нави озмуни соли 2016-ро эълон кард ва гуфт, имсол ба хотири гиромидошти хотири раиси собиқи Иттифоқи журналистон марҳум Акбари Саттор ҷоизаи хосае таъсис шудааст. Вай гуфт, ҷоизаи мазкур ба соҳибкор, намояндаи мақомот ё ниҳоде дода мешавад, ки давоми як сол барои дастгирӣ ва ҷилавгирӣ аз басташавии расонаҳо ёрӣ мерасонад.

​Ба таъкиди ҷаноби Исмоилзода, ҷоизаҳо дар чор бахш - матбуот, телевизион, радио ва таҳқиқоти журналистӣ тақдим шуданд.

Ёдрас мекунем, ки журналисти маъруфи радио Шарифи Мисайзод рӯзи 16 июни соли 2016 дар синни 50-солагӣ бар асари сактаи қалб дар Душанбе аз олам даргузашт.