Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои кумак ба осебдидагон аз тармафароиҳо дар Тоҷикистон як ҳавопаймо бо кумаки башардӯстона фиристод.

Хабаргузории РИА «Новости» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки кумак бо дастури президенти Русия Владимир Путин фиристода шудааст, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

«Аз фурудгоҳи «Раменское»-и вилояти Маскав ҳавопаймои боркаши Ил-76-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия бо наздики 40 тонна бори кумаки башардӯстона ба Душанбе раҳсипор шуд», - иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, бо ин ҳавопаймо хаймаҳо, кӯрпаву рӯйпӯш ва ҳамчунин нерӯгоҳи барқии сайёр ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз 15 то 20 феврал дар Тоҷикистон 80 ҳодисаи тармафароӣ бо баландии то 15 метр ба қайд гирифта шуда, талафоти ҷонӣ низ ҷой дошт.