Лоиҳаи қонун дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия, ки дар он ба шахсони дар собиқ кишварҳои пасошӯравӣ зодашуда ва донандаи хуби забон русӣ сабукиҳо пешбинӣ мешавад, дар кумитаҳои Думаи давлатии Русия маъқул шуморида шуд.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, порлумони Русия қасд дорад, ин Қонунро ислоҳ кунад ва ҳадаф аз он ба гуфтаи муаллифонаш, осон кардани муқаррароти гирифтани шаҳрвандӣ барои шаҳрвандони кишварҳое мисли Тоҷикистон аст, ки як замон дар аҳди шӯравӣ тобеи Русия буданд.
Тарҳи ислоҳшудаи Қонун дар бораи шаҳрвандӣ, ки тамоми охири муқаррароти пешниҳод барои баррасӣ дар Думаи давлатиро рӯзи 17-уми март гузашт, гирифтани паспорти русӣ барои онҳоеро осон мекунад, ки дар кишварҳои шӯравии собиқ ба дунё омадаанд ва забони русиро хуб медонанд.
Тарҳи қонунро вакилони мардумӣ, Наталя Поклонская аз Ҳизби Русияи воҳид ва Констатин Затулин, муовини раиси Кумитаи умури кишварҳои муштаракулманофеъ ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд.
Дар номаи муаллифони пешниҳод, ки дар вебсайти Думаи давлатӣ ҳаст, омадааст, ки тарҳи ислоҳшудаи қонунро бо назардошти дастури раиси ҷумҳур Владимир Путин пешниҳод мекунанд, ки соли 2012 хост, “тартиби осонтари қабули ҳамватанон ва меросбарони забону фарҳанги русӣ ва авлодони онҳое, ки Русияи императорӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба дунё омадаанд, қабул шавад.”
Яке аз ислоҳоти пешниҳодӣ ин аст, ки баъди қабули қонуни нав аз онҳое, ки мехоҳанд, шаҳрванди Русия шаванд, санади расмии даст кашидан аз шаҳрвандии кишвари дигар талаб намешавад. Бар асоси қонуни феълӣ агар хориҷие бихоҳад, шаҳрвандии Русияро қабул кунад, бояд санади расмӣ дар бораи даст кашидан аз шаҳрвандии кишвараш ба мақомоти Русия пешниҳод намояд. Аз шаҳрвандони Тоҷикистон чунин санаде талаб намешавад, чун байни Тоҷикистону Русия созишномаи душаҳрвандӣ ба имзо расидааст.