Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» парвози нахустин тариқи хатсайри Тошканд - Душанберо анҷом дод.

Имрӯз, 11 апрел ҳавопаймои ширкат тариқи хатсайри аввали HY717 соати 7:20 дақиқа аз Тошканд павроз карда, соати 8:05 бо 29 нафар мусофирон ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.

Акс аз Asia-Plus

Дар назар аст, ки парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз Тошканд ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.

Мусофирони нахустине, ки бо ин хатсайр ба сарзамини Тоҷикистон по ниҳоданд, шаҳрвандони Украина буданд.

- Номи ман Вадим аст, - мегӯяд мусофири ин хатсайр. - Бо дӯстам ҳамроҳ ба Душанбе омадем. Ин ҷо мо бори нахуст сафар дорем. Ба тиҷорат машғулем. Хатсайри хеле қулай аст. Самимона пешвоз гирифтанд. Умедворам, ки хатсайр мунтазам гардида, ҳузури мо дар Душанбе фораму гуворо хоҳад буд.

Вадим ва Леонид аз Украина
Акс аз Asia-Plus

Муҳандиси бинокор Анвар Қудратуллоев бо гурӯҳи ҳамкорони худ ба Душанбе омадааст. Онҳо дар макони баргузории намоиши маҳсулоти Ӯзбекистон дар Душанбе корҳои васлу насб, аз қабили омода намудани гӯшаву лавҳаҳо ва ғайраро ба иҷро мерасонанд.

Анвар Қудратуллоев аз вохӯрии самимона дар Душанбедар ҳайрат аст.
Акс аз Asia-Plus

- Раводидро бидуни мушкил дар Тошканд таҳия карданд. Парвоз оромона сурат гирифт. Ин ҷо моро хеле самимона пешвоз мегиранд, рӯзноманигорон хеле зиёданд. Ҳатто интизор набудем. Мо як гурӯҳ ба Душанбе омадем. Ҳозир ба меҳмонхонаи «Шератон» меравем. Мегӯянд, ки яке аз беҳтаринҳост. Каме истироҳат карда, сипас ба сайру тамошои шаҳр баромаданием. Таассурот хеле фораму гуворост. Ташаккур барои пазиройии самимӣ.

Гурӯҳинасбгарон корҳои омодагӣ ба намоиши маҳсулоти Ӯзбекистон дар Душанберо ба анҷом мерасонанд.
Акс аз Asia-Plus

Дилшод Мавлонқориев аллакай ба Душанбе сафарҳо доштааст.

- Пештар бо корҳоям бо автомашина ба Душанбе меомадам, ки арзонтар буда, вале вақти хеле зиёдро талаб мекард. Акнун бошад, соате нагузашта мо аллакай дар Тоҷикистонем. Хеле қулай аст. Раводидро тавассути интернет таҳия кардам. Умедворам, ки ба наздикӣ нархи билетро танзим карда, он барои аксар хоҳишмандони сафар ба Душанбе ва Тошканд дастрас хоҳад буд.

Дилшод Мавлонқориев бовар дорад, ки нархҳо ба билет дастрастар хоҳанд буд.
Акс аз Asia-Plus

Ҳозир арзиши билет ба як самт 140 долларро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шосиломов, шояд барои тоҷирон на он қадр нархи баланд буда, вале барои шаҳрвандони қаторӣ хеле гарон аст. «Мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки нархи билетҳо поин бурда шаванд», - гуфт сафир.