Дар рейтинги Форуми ҷаҳонӣ оид ба рақобатпазирӣ дар бахши туризм Тоҷикистон 12 зина мавқеашро беҳтар карда, миёни 136 кишвари ҷаҳон мақоми 107-ум (рейтинги пешин - 119-ум)-ро касб кард.

Рейтинги мазкур шурӯъ аз соли 2007 як маротиба дар ду сол таҳия гардида, дар он кишварҳо аз рӯи 14 мавқеи марбут ба қабулу таваҷҷуҳи сайёҳон, аз ҷумла мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, рушди иқтисоду нақлиёт, шароити меҳмонхонаҳо, соҳаи тиб, сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ ва ғайра баҳогузорӣ мешаванд.

Дар рейтинг Русия - зинаи 43, Қазоқистон - 81 ва Қирғизистон - зинаи 115-умро ишғол карда, Турманистону Ӯзбекистон дар рейтинг ҳузур надоранд.


Дар се зинаи аввали рейтинг Испания, Фаронса ва Олмон ҷойгир шуда, зинаи чорумро Япония ва 5-умро Британияи Кабир касб кардаанд. Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин ИМА, Австралия, Италия, Канада ва Швейтсария низ шомиланд.

Зинаҳои охирини рейтингро Мавритания, Ҷумҳурии Демократии Конго, Бурунди, Чад ва Яман ишғол кардаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, тӯли 9 моҳи соли гузашта 312 ҳазор нафар ва соли 2015 - 414 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.