Дар намози ҷумъа дар масҷидҳои Душанбе имомхатибон аз ибодаткунандагон даъват кардаанд, ки дар рӯзи Иди Қурбон, ки 1 сентябр ҷашн гирифта мешавад, кӯдаконашонро ба мактаб фиристанд.

«Идро касе бекор накардааст, вале чун Иди Қурбон се рӯз ҷашн гирифта мешавад, фарзандони Шумо - хонандагони мактабҳои миёнаву олӣ санаи 1 сентябр, рӯи аввали ид бояд ба таҳсил раванд», - гуфтаанд имомхатибон дар намози ҷумъаи имрӯз дар масҷидҳо.

Ба гуфтаи онҳо, кӯдакон Иди Қурбонро ду рӯзи минбаъда - шанбе ва якшанбе ҷашн гирифта метавонанд.

Имомхатбион ҳамчунин ба маҳдуд кардани идагардаки кӯдакон низ даъват намуда, қайд кардаанд, ки «касе ба идгардак рафтани онҳоро манъ намекунад, вале шумо бояд пайгирӣ кунед, ки аз назди ҳавлии хонаатон дур нараванд ва зери назорати шумо қарор дошта бошанд».

Дар чанде аз мактабҳои миёна ва олӣ ба «Азия-Плюс» рӯзи корӣ будани 1 сентябрро барои омӯзгорон тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки омӯзгоронро дар ин бора чанде пеш огоҳ кардаанд, ҳчрчанд дар Вазорати маориф мегӯянд, ин масъала алҳол мушаххас нест.

Дастрасии шарҳи масъала аз Вазорати маориф ғайриимкон аст. Котиби матбуотии Вазорат Эҳсон Хушвахтзода аз суҳбат бо журналистон худдорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар Бошқирдистон ва Тотористони Русия ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози соли нави хониш ба рӯзи душанбеи ҳафтаи минбаъда гузаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки Иди Қурбонро имсол сокинони Тоҷикистон чун дар аксари кишварҳои мусулмонӣ санаи 1 сентябр ҷашн мегиранд. Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Қурбон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.