Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор медорад, ки арчаҳои солинавӣ гузоштан дар мактабҳоро қатъиян манъ кардааст. Бо дархости падару модарон.

«Бо дархости волидон барои роҳ надодан ба ҷамъоварии пул барои хароҷот ва исрофкорӣ чунин тасмим гирифта шуд», - мегӯянд дар вазорат.

«Бисёре аз падару модарон ба телефонии боварии Вазорат занг зада, дархост намуданд, ки барои роҳ надодан ба ҷамъоварии пул барои хароҷот, гузоштани арчаҳои солинавӣ дар мактабҳо манъ карда шавад. Мо ин дархостро мувофиқи мақсад ва оқилона дониста, чунин қарор қабул кардем», - хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва мактабии Вазорат Абдуҷаббор Алиев.

Ӯ қайд кард, ки наврасону ҷавонон дар чорабиниҳои идонаи солинавӣ, ки дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе ташкил мешаванд, иштирок карда метавонанд.

«Таътили тобистонаи хонандагон аз 1 то 31 январ идома ёфта, мо барои онҳо рӯйхати китобҳоро тартиб додем, то ки дар таътил ба мутолиа машғул шаванд. Барои хонандагоне, ки дар олимпиадаҳо иштирок мекунанд, ҳангоми таътил машғулиятҳои иловагӣ гузаронида мешавад», - гуфт манбаъ.