Намедонӣ, имсол дар шаби Соли нав барф меборида бошад? - чунин аст саволи аз ҳама сершумор миёни мардум пеш аз ҳафтаи Соли нави мелодӣ ва бо ҳарчи наздик шудани санаи 31 декабр, ин савол боз ҳам бештар садо медиҳад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шаби Соли нав дар ҷумҳурӣ боридани барф дар назар набуда, ҳарорат то 5 дараҷа гарм мешавад. Санаи 31 декабр обуҳаво дар пойтахт беборишу гарм - то 17 дараҷа гарм хоҳад шуд ва чунин обуҳаво то 6 январ идома меёбад.

Ҳафтаи равон дар пойтахт обуҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, то 28 декабр ҳавои боронӣ дар назар аст, вале охири ҳафта обуҳаво софу бебориш мешавад.

Ёдрас мекунем, ки солҳои охир ҳарчанд дар остонаи Соли нав дар Тоҷикистон барфи зиёд наборида бошад ҳам, вале обуҳаво на он қадр гарм буд. Соли 2015 тамоми моҳи декабр сербарфу сард омада, лекин шаби Соли нав барфҳо аллакай об шуда буданд.

Соли 2015 обуҳавои сарду барфрезиҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи ноябр шурӯъ шуда буданд. Он замон ҳатто Душанбе ҳам ғарқи барф шуда буд. Баъдан сардиҳо моҳи декабр такрор шуда, вале барф то Соли нав боқӣ намонд.