Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба шикояти таҷдиди назари ҳукми Хайрулло Мирсаидов ҷиддӣ муносибат кунанд.

«Итминони комил  дорам, ки ҳукми мусбии судӣ ва дастгирӣ ба манфиати Мирсаидов нишонаи он хоҳад шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон зидди ришвахӯрӣ ва ҳама намуд падидаҳои он бераҳмона мубориза мебарад, - навиштааст сафир. - Шояд ин парванда ангезаи сиёсӣ надошта бошад, аммо Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор бояд дарк намоянд, ки ин парванда барои тақвияти мубориза бар зидди ришвахӯрӣ, манфиати бунёди ҷомеъаи демократӣ ва беҳтар намудани фазои рушди иқтисодие, ки Тоҷикистон талоши онро дар ин вақтҳои мушкил дорад, аз ҷиҳати сиёсӣ хеле муҳим мебошад».

Ӯ бар ин назар аст, ки мактуби кушоди Мирсаидов оид ба ҷалб кардани диққати Роҳбари давлат ба амалиётҳои ғайриқонунии коррупсионии корманди давлатӣ мисоли барҷастаест, ки чӣ тавр дар ҷомеаи тарраққикарда фаъолияти бомасъул ва пайдоиши имкониятҳо барои саҳм гузоштани  шахрвандон ба беҳтар гардонидани манфиатҳои қонунии давлат ва рушти ҷомеаи демократӣ пайдо мешаванд.

Ба ақидаи дипломат, мубориза зидди ришвахурӣ раванди мушкил ва дарозмуддат аст ва бе ҳамкории муштараки мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва шахсони фаъоли ҷамъият имконнопазир аст.

«Бояд ҷиддӣ дарк намуд, ки агар шахсони ришвахӯр имконияти нишон додани муқовимат, ҳимояи манфиатҳои худбинона ва авҷ додани муҳите, ки дар он муқовимат зидди ришва амали хатарнок ва беилоҷ менамояд, ришвахӯрӣ ҳамеша ғолиб мебарояд. Дар ин ҳолат, мубориза маъно надорад ва шахсони ришвахур ҷазои одилона нахоҳанд гирифт», - изҳор доштааст сафир.

Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.