Дар Тоҷикистон 15 ташкилоти давлатӣ ва хусусии иҷозатномадор ба баҳогузорӣ машғуланд. Дар ин бора санаи 12 феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Рӯзноманигорон ба масъалаи баҳогузорӣ ба амвол, аз ҷумла амволи ғайриманқуле, ки барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ зимни амалисозии Нақшаи генералии шаҳру навоҳӣ кӯчонида мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, хабар медиҳад ТҶ “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон”.

Соҳибони манзилҳое, ки хонаашон кӯчонида мешавад, ба паст нишон додани нарх аз ҷониби КВД "Нархгузор"-и назди Кумитаи мазкур ишора мекунанд.

Раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода дар шарҳи ин масъала изҳор дошт, ки мувофиқи қарори ҳукумат ин корхонаи баҳогузорӣ воҳиди давлатии Кумита аст.

Дар робита ба масъалаи шумори иншооти моликияти давлатӣ муовини раиси Кумита Орзу Аҳмадзода қайд кард, ки айни замон дар ҷумҳурӣ наздики 10 ҳазор иншоот, аз ҷумла иншооти тиббӣ ва соҳаи маориф ба қайд гирифта шудааст.

“Беш аз 90%-и фонди давлатии манзили Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон хусусӣ гардонда шудааст, мутаносибан камтар аз 10%-и боқимондаи фонди манзил давлатӣ мебошад”, - изҳор дошт вай.

Бино ба иттилои роҳбари КВД “Нархгузор” Маҳмадалӣ Ҳалимов, айни замон дар ҷумҳурӣ 15 ташкилоти давлатӣ ва хусусии дорои иҷозатномаи баҳогузорӣ, аз ҷумла нархгузорӣ ба манзил амал мекунанд.

- Корхона соли гузашта расмиёти нархгузории 247 хона дар биноҳои истиқоматии серманзилро, ки кӯчонида мешаванд, анҷом дод. Мо аз фармоишгарони дархост гирифта, манзилро баҳогузорӣ (нархгузорӣ) мекунем. Се методи зерини баҳогузорӣ мавҷуд аст: даромаднок, муқоисавӣ ва хароҷотӣ. Барои хонае, ки кӯчонида мешавад, аз ҷумла дар Душанбе, методи муқоисавии баҳогузорӣ ба манзил истифода мешавад, - шарҳ дод номбурда.

Таъкид шуд, ки масалан, нархи хона дар ин маҳалла ё мавзеъ муайян шуда, аз натиҷаҳои таҳлил нишондиҳанда (коэффисиент)-и миёна бароварда мешавад, ки барои метрҳои мураббаъи манзил дар ин ё он иншоот муқаррар карда мешавад.

Ба гуфтаи роҳбари корхонаи давлатӣ, дар сурати норозигии соҳибмулки манзил бо натиҷаҳои баҳогузорӣ, баҳогузории такрорӣ таъин мешавад.

- Ҳозир баҳогузорӣ дар ҳайати комиссияи иборат аз намояндагони сохторҳои гуногун, аз ҷумла мутахассисони кумитаи идоракунии замин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра газуронида мешавад. Агар даъво дар суд баррасӣ шавад, баҳогузории такрориро суд таъин менамояд, - қайд кард Ҳалимов.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиносон ба поймолкунии ҳуқуқҳои соҳибмулконе ишора мекунанд, ки амволи ғайриманқулашон кӯчонида мешавад.

- Мувофиқи талаботи қонунгузорӣ, бояд нархи воқеии манзилҳои шаҳрвандон дар бозор муқаррар карда шавад, лекин на нархи миёна, - мегӯяд адвокат Абдураҳмон Шарипов.

Ба қавли ӯ, таҷриба нишон медиҳад, ки имрӯз КВД “Нархгузор” ягона баҳогузори амволи ғайриманқули шаҳрвандон ба ҳисоб меравад, ки ин амвол зимни амалисозии Нақшаи генералӣ кӯчонида мешавад. Аз ин рӯ, нархи таъиншуда боиси баҳсҳо мегардад.

- Агар дигар ташкилотҳои баҳогузории алтернативӣ вуҷуд дошта бошанд, пас чаро фармоишгарон ба онҳо муроҷиат намекунанд, - мепурсад Шарипов.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.