Дар шаҳри Душанбе шурӯъ аз 28 март Маркази нави хизматрасонии бонкии ҶСП ТҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба фаъолият оғоз намуд. Барои бештар мусоид шудани пешниҳоди хизматгузориҳои бонкӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт марказ дар суроғаи хиёбони Айнӣ, 69/53 ифтитоҳ шуд.

Дар маросими ифтитоҳи маркази нав муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур Абдусаттор Ҷабборӣ, муштариёни фаъоли филиали ташкилот дар Душанбе, мудирони филиалҳои наздик ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Директори филиали «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар Душанбе Сурайё Ҳасанова ботантана ба ин маросим ҳусни оғоз бахшида, бо пешниҳоди маълумот дар бораи таърихи таъсис, дастовардҳо тӯли солҳои сипаришуда ва фаъолияти имрӯзаи ташкилот, суханро ба роҳбари маркази нави хизматрасонӣ Фаридун Юсупов дод.

Юсупов зимни суханронӣ ба дастгирӣ дар ин кор аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ишора намуда, қайд кард, ки ташкилот минбаъд низ шумори марказҳои хизматрасониро афзуда, ба хушсифат анҷом додани хизматгузориҳои молиявӣ ба мизоҷон ва аҳолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

1/6

Муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур Абдусаттор Ҷабборӣ ба раҳбарият ва кормандони ташкилот дар Душанбе миннатдорӣ изҳор намуда, саҳми муассисаро дар рушди соҳибкорӣ дар ноҳия зикр кард.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша ташаббусҳои “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ”-ро дастгирӣ менамояд, зеро ташкилот дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва зиёдшавии даромад ба буҷети ноҳия саҳм мегузорад”, - иброз дошт Ҷабборӣ.

Дар маросими мазкур ба фаъолтарин мизоҷони ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

“ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” – 20 сол ҳамроҳу ҳамқадами Шумо!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.