Аз замоне, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти нахустин кампуси Донишгоҳи Осиёи Маркази дар Хоруғ ҳусни оғоз бахшид, аллакай ним сол сипарӣ мешавад, лекин кам касон аз фаъолияти имрӯзаи ин шаҳраки хурди донишҷӯён огаҳӣ доранд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ягона муассисаи олии таълимӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар он дар сатҳи байнулмилалӣ дар ду самт – иқтисод ва илмҳои табиӣ таҳсил ба роҳ монда шудааст. Барномаи самти аввал дар ҳамдастӣ бо Мактаби олии иқтисодии Русия ва Мактаби иқтисодии Стокголм дар Рига ва Барномаи илмҳои табиӣ ҳамроҳ бо Донишгоҳи Колумбияи Британияӣ (Канада) таҳия шудааст.

Дар соли нахусти фаъолият 109 нафар донишҷӯён ба таҳсил дар донишгоҳ фаро гирифта шудаанд, ки 36 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ аз Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Эрон ва Сурия мебошанд.

Мо он ҷо ба меҳмонӣ рафта, бароятон гузориши видеоӣ омода кардем.

 

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.