Санаҳои 29-30 апрел дар Маҷмааи табобативу солимгардонии  “Баҳористон” (воқеъ дар шаҳри Гулистон)-и вилояти Суғд аввалин маротиба хакатони махсус  дар мавзӯи: “Занон ва бемории ВНМБ” аз  ҷониби Сохтори Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои  баробарии гендерӣ ва васеъгардонии ҳуқуқу имкониятҳои занон дар ҳамкорӣ бо Дафтари Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ВНМБ/БПНМ (ЮНЕЙДС)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шабакаи занони гирифтори бемории ВНМБ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Хакатон дар мавзӯи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба  баргузор гардида, дар он ғояҳои татбиқпазир бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии занони гирифтори бемории ВНМБ  таҳия карда мешаванд. Мутобиқи нишондиҳандаҳои оморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар солҳои охир  ҳиссаи занон дар байни шахсони гирифтори бемории ВНМБ  ба 5% афзуда, он тақрибан 40% аз шумораи умумии чунин шахсонро ташкил медиҳад. Дар байни онҳо  занони аз 19 то 37 сола 70%-ро ташкил медиҳанд. Бар замми ин, танҳо 11% занони ҷавони синну соли 15-24 сола  дар бораи роҳҳои дурусти пешгирии сирояти бемории  ВНМБ маълумот доранд.

Дар хакатони дурӯза зиёда аз 60 нафар шахсони таваҷҷӯҳдошта, аз ҷумла намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коршиносон ва мутахасиссони соҳаи бемории ВНМБ, технологияҳои иттилоотӣ, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, ВАО ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд намуд.

Дар чорабинӣ 9 даста дар муддати 2 рӯз вобаста ба таҳияи мавод/лоиҳаҳое, ки истифодаи минбаъдаи онҳо барои баланд бардоштани нақши занон дар мубориза бар зидди паҳншавии бемории ВНМБ имкон дода, баҳри беҳтар гардонидани сатҳи зиндагонии занони мубталои вируси мазкур, такони тоза хоҳад бахшид, бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Алалхусус, интизор меравад, ки дар доираи хакатон  сомонаи интернетӣ оид ба мушкилоти занони гирифтори бемории ВНМБ таҳия гардида, лоиҳаҳои Start-Up барои роҳандозӣ намудан ва ё баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии занон, беҳтар намудани  дастрасии онҳо ба хизматрасонии баландсифат, ҳамчунин барномаҳои самаранок оид ба паст кардани сатҳи стигма  ва табъиз нисбати чунин занон пешниҳод карда мешаванд.

Ба ақидаи ташкилкунандагони чорабинӣ шахсони гирифтори бемории ВНМБ, ва пеш аз ҳама занон бояд дар маркази диққати мубориза бо БПНМ қарор дошта бошанд, зеро дониш ва таҷрибаи онҳо  имкон медиҳад, ки ниёзи нафарони дар зери таъсири паҳншавии бемории мазкур қарордошта муайян карда шуда, инчунин барои ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо ва роҳандозии бомуваффақияти чораҳои зарурӣ оид ба гирифтани пеши роҳи паҳншавии бемориҳои сироятӣ  мусоидат мекунад.

Маълумотнома:

СММ-занон”-ин Сохтори СММ мебошад, ки фаъолияти он ба мубориза баҳри баробарии  гендерӣ  ва васеъгардонии ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии занон равона карда шудааст. Ташкилоти “СММ-занон” ҳамчун ташкилоти  ҳимоякунандаи ҳуқуқҳои занон ва духтарон бо мақсади тезонидани раванди пешравиҳо дар ҷодаи қонеъгардонии талабот ва эҳтиёҷоти онҳо дар тамоми ҷаҳон таъсис дода шудааст.

Сохтори “СММ-занон” ҳамчунин кори низоми СММ-ро дар ҷодаи ноилгардӣ ба баробарии гендерӣ ва ҳама муҳокимаву созишномаҳои вобаста ба “Барномаи ҷаҳонии то соли 2030”-ро дастгирӣ ва ҳамоҳанг месозад. Фаъолияти ташкилот ба татбиқи Барномаи ҷаҳонии Мақсадҳои рушди устувор ва кӯмак дар иштироки  баробари занон дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаётӣ равона карда шудааст.

Дастгирии фаъолияти стратегӣ ҷиҳати ба даст овардани баробарии гендерӣ ва барҳамдиҳии тамоми шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон унсури калидии эътинои смаранок ба паҳншавии бемории ВНМБ ба ҳисоб меравад.

#TJK #Hackathon#Women#HIV- муҳити зеҳнии озод аз стигма!